Фестивал-озмун: «Биё бо ҳам бихандем»

Март 28, 2016 17:32

Душанбе, 28.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои 29, 30 ва 1 апрели соли равон дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба рӯзи ханда дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» бо иштироки гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар ҳадаф аз баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ, қабл аз ҳама, ривоҷу равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани падидаҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба ҳаҷву мутоиба ва истироҳати ҷавонону наврасон мебошад
Бино ба иттилои манбаъ барои иштирокдорони фестивал-озмун нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Март 28, 2016 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид