Г. Маҳкамова: Зан таҷассумгари зебоиву муҳаббат, нафосату оқилӣ, некиву ғамхорӣ аст
Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Ба саволҳои мо роҳбари Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова чунин посух дод:
Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Ҷавоб: Зан ин таҷассумгари зебоиву муҳаббат, нафосату оқилӣ, некиву ғамхорӣ мебошад. Зан, пеш аз ҳама, на танҳо ҳамсар, хоҳар, духтар, балки модар мебошад. Модари тифлоне, ки онҳоро ҳифз менамояд, худро пурра ба онҳо мебахшад. Ҳаёти имрўза бар дўши зан ба ғайр аз таваллуд ва тарбияи бачагон уҳдадориҳои зиёд гузоштааст. Зани муосир одатан зани коргаре мебошад, ки дар баробари мардҳо ба хона «як бурда нон меоварад». Ин ҳам хуб ва ҳам он қадар хуб нест. Хуб аз он ҷиҳат аст, ки буҷаи иқтисодии ҳам оила ва ҳам худи зан пурзўр мешавад, аммо дар баробари ин серкор шуданаш хуб нест. Хурсандиовар он аст, ки тайи даҳсолаи охир ақли инсонӣ барои он, ки модарон бомуваффақият вазифаи модарӣ ва корро иҷро намоянд, ашёи зарурии рӯзгор офаридааст! Мошинаҳои ҷомашўӣ, мултиваркаҳо, интернет, алоқаи мобилӣ ва заноне, ки воситаҳои нақлиётиро идора менамоянд, хеле зиёд шудааст… Ман коргар мебошам ва маро асосан модарони ҷавони пешрафтае иҳота менамоянд, ки кор мекунанд. Ба фикри манн занҳои мо, новобаста, аз серкории худ ба таври олӣ аз уҳдаи иҷро нақшҳои худ баромада, зиёда аз ин, ҳамеша зебову хушнамуд мебошанд.
Савол: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Ҷавоб: Танҳо зани хушбахт метавонад тифли солим ба дунё оварда, шахси комилро тарбия намояд. Модар ба кўдак эҳсоси бехатарӣ, ҳимоя, эътимоднокӣ ва муҳаббат ба муҳити атрофро бахшида, на танҳо ғизои табиӣ, балки ғизои маънавӣ медиҳад. Ҳамаи ин барои инкишофи солими ҳар як кўдак зарур мебошад. Тамоми омилҳои номбаршуда ҷузъҳои муҳими ҳаёти хушбахтона мебошанд, ки онҳоро метавонад танҳо модаре диҳад, ки оромона, мураттаб ва пешгўишаванда рафтор намуда, худаш бо ғамхорӣ ва муҳаббат фаро гирифта шудааст. Мутаассифона, на ҳамаи занҳои мо дар муҳити муҳаббат ва ғамхорӣ зиндагӣ мекунанд. Зўроварӣ дар оила, талоқ, маҳдудкунӣ аз рўи ҷинс, камбизоатӣ, бекорӣ, издивоҷи бармаҳал, маълумоти нопурра — ин рўйхати нопурраи он омилҳое мебошад, ки метавонанд занро аз мувозинат бароварда, ба ў осебҳои рўҳии ҷиддӣ расонанд, ки баъдан он ба кўдакон низ таъсир мекунад.
Бинобар ин ҷамъият, давлат, оилае, ки мехоҳад насли солим дошта бошад, бояд ба занон ғамхорӣ намояд.
Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)
Ҷавоб: Ягон давлати ҷаҳон ҳоло баробариро байни мардон ва занон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, тандурустӣ ва маориф пурра ба даст наовардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ зани тоҷик дар ҷомеа мақоми хоссаро касб намуд. Зани тоҷик имрӯз вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ бар дӯш дорад. Дар баробари модар, тарбиятгар ва ҳамсар будан зани тоҷик имрӯз боз мутахассиси хуби соҳаҳои гуногун ба шумор меравад.
Савол: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?
Ҷавоб: Ҳар рўз
Савол: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Ҷавоб: Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки агар инсон дипломи маълумоти олӣ дошта бошад, ў маълумотнок аст. Тамоми диплом ва унвонҳои илмӣ бо мурури замон беқурб гардида, аз ҷиҳати маънавӣ куҳна мегарданд. Ман бо чунин шахсони дорои маълумоти олидор вохўрдаам, ки кор мекунанд, вале дар давоми даҳ соли охир ягон китоб мутолиа накардаанд. Шуури онҳо маълумоти навро қабул намекунад, онҳо ба ҳама чизи нав бепарво мебошанд, аз болои худ кор намекунанд.
Инчунин баръакс, шахсоне ҳастанд, ки диплом надоранд, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд, вале ҳатто дар хона нишаста, доимо инкишоф меёбанд, мутолиа менамоянд, забонҳои хориҷиро аз худ мекунанд, онлайн — курсҳоро меомўзанд, бо бачагон машғул шуда, ҳамроҳи онҳо дарс тайёр мекунанд. Бе маълумоти олии расмӣ ҷаҳонбинӣ ва дониши васеъ доштан мумкин аст. Ба ибораи дигар, маърифатнокӣ ин ҳаракат ба сўи пеш, ғамхории доимӣ бобати инкишофи шуур ва бемаърифатӣ — ин таназзул, маҳдудӣ ва заволи шуур мебошад. Ба шахсе, ки дорои маълумот мебошад, хамеша дар хона ва дар ҷои кор талабот ҳаст.
Савол: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Ҷавоб: Барои ман аз ҳама душвор дар як вақт ҳам кор кардан ва ҳам оиладорӣ мебошад. Ба бачагон, набера, шавҳар, волидон, наздикон бояд таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад. Ман чунин меҳисобам, ки муошират дар оила ҷузъи муҳими муҳит ва муносибатҳо мебошад. Агар муошират кам бошад, нофаҳмиҳо зиёд мешаванд, ки ин, албатта, ба муҳити дохили оила таъсир мерасонад. Муошират бояд ба нақша гирифта шавад. Бояд вақти озод ва вақти корӣ ба нақша гирифта шавад. Барои ман истироҳати беҳтарин ин дар хона будан, бо корҳои хона машғул шудан ва бо наздиконам суҳбат кардан мебошад.
Савол: Каме дар бораи ТҶ АМЗСТ маълумот медодед…
Ҷавоб: Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) зиёда аз 20 сол инҷониб дар соҳаи дастгирии занҳо, асосан дар самти устувор кардани мавқеи иқтисодии онҳо фаъолият мебарад. Соҳаи тиҷорати миёна ва хурд метавонад барои бисёр занҳое, ки кор намекунанд, шавқовар бошад. Мо бо семинарҳо, тренингҳо ва маслиҳатҳои худ бобати асосҳои бизнес ба занон дар кушодани корхонаҳои худ ёрӣ медиҳем. Ташкилоти мо дар тамоми ҷумҳурӣ пазироӣ гардида, соҳиби бовари калон мебошад, мо зиёда аз 3000 аъзо дорем ва асосан занони соҳибкор ва ҳунармандро муттаҳид менамоем.
Савол: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик
Ҷавоб: Ҳамеша дар пайи такмилу инкишофи худ буда, кўшиш намоед, ки хушбахт бошед. Доимо латифу маҳбуб ва меҳрубон буда, ба наздикони худ меҳру муҳаббат бахшед.
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ