Хадамоти гумрук ба соҳибкор имтиёз дод
Душанбе, 17.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки кишвар аз манзили истиқоматии шаҳрванд С.А. моеъи саршӯӣ (шампун) бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ошкор гардид. Дар қуттиҳои ҳаҷмашон гуногун 6000 килограмм шампун дарёфт шуд, ки бо роҳи вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ ворид шудааст.
Баъди ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунӣ соҳибмулк С. А. ба Хадамоти гумрук оид ба ихтиёран ба расмияти гумрукӣ даровардани молҳои мазкур бо ариза муроҷиат намуд. Соҳибкор ваъда кард, ки дар мӯҳлати муайяншуда боҷи гумрукиро пардохт мекунад. Азбаски соҳибкор бори нахуст ба қоидавайронкунии гумрукӣ даст задааст, ба ӯ имтиёз ва вақт дода шуд, то тамоми ҳуҷҷатгузориҳоро қонунӣ гардонда, ба Хадамоти гумрук ирсол намояд. Дар асоси талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмиятдарории гумрукии молҳои зикршуда ба раёсати марбутаи хадамот дастури соҳибкор қонеъ карда шуд. На тавассути ҷазо ва ҷарима, балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ соҳибмулк боҷи гумрукиро пардохт намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






