Хатлон: Бунёди 18 иншооти нав дар ду моҳ
Қурғонтеппа, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Соли 2015 дар вилояти Хатлон аз тарафи соҳибкорон 244 иншооти гуногун ба маблағи 318,3 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ Ховар сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Саймумин Мусоев иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, аз ин ҳисоб 1544 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар ду моҳи соли равон 18 иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ сохта шуда, 56 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ғайр аз ин, дар соли 2015 аз тарафи соҳибкорон дар вилоят маъракаи хатнасури 614 кўдак ва 3325 ҷуфти арӯсию домодии оилаҳои камбизоат баргузор карда шуд.
Илова ба ин, аз тарафи соҳибкорон 37,5 км. роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, 44,4 км. таъмири ҷорӣ, 214,6 км. сангфарш ва 8 пул таъмир карда шуд, ки маблағи умумии он 23,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






