Хатлон: сафари наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ оғоз шуд
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони кишварро ба шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Шӯробод, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав бо мақсади ташкили маҳфилҳои бадеӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабнишинии ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, муаррифии имкониятҳои туристӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва ба ин васила мусоидат намудан дар рушди туризми дохилӣ ва тарғиби Наврӯзи байналмиллалӣ роҳандозӣ кардааст.
Субҳи имрӯз бо мавзеъҳои таърихии ш. Норак, аз ҷумла Баҳри кабуд, НБО-и Норак, боғи «Анор» ошно гардида, дар мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол байни духтарон бахшида ба иди Наврӯз иштирок намуданд.
Баъди нисфирӯзӣ корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорон ба ноҳияи Данғара сафарбар гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






