Муаррифии Тоҷикистон дар ITB Berlin
Душанбе,10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Гӯшаи Тоҷикистон муаррифии кишварро дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Berlin, ки рӯзи 9-уми март оғоз гардида, то 13 март идома меёбад, шурӯъ кард.
Дар гӯшаи муаррифии Тоҷикистон масъулин аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони гурӯҳҳои аз Тоҷикистон ба Олмон сафаркарда ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов имконоти сайёҳии кишварро барои намояндагони кишварҳои гуногуни олам муаррифӣ намуданд. Ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур маротибаи 9-ум аст, ки имконоти сайёҳии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Дар чорабинии имсола Тоҷикистонро ширкатҳои туристии “Саёҳати Тоҷикистон”, “Сайру саёҳати кӯҳӣ”, “Ҷавоҳир”, “Оромсаёҳат”, ширкатҳои сайёҳии Бадахшон ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”муаррифӣ мекунанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






