Хуҷанд: «Ҷавонон ва равандҳои ҷомеаи имрӯза»-конфронси илмӣ

Март 29, 2016 09:11

Хуҷанд, 29.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфронси илмию амалии донишгоҳии олимони ҷавон, аспирантон, унвонҷӯён ва магистрантон таҳти унвони «Ҷавонон ва равандҳои ҷомеаи имрӯза» бо доираи васеи устодону олимон ва донишҷуён доир гардид.
Дар конфронс 46 маъруза мавриди баррасӣ қарор гирифта, ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Кадриддин Сулаймонов дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон», дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Шуҳрат Саидов доир ба мавзӯи «Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ заминаи раҳоӣ аз фиреби сиёсӣ», ассистентон Ғайрат Бобоҷонов дар мавзӯъҳои «Абӯиброҳим Мунтасир-муборизи барқарорсозии давлати Сомониён»ва Заррина Раҳматалиева оид ба «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити буҳрони иқтисодӣ» маъруза намуданд.

Март 29, 2016 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад