Хуҷанд: таҷлили Наврӯз бо иштироки зиёиён аз хориҷи кишвар

Март 25, 2016 16:25

Хуҷанд. 25.03.2016. (АМИТ Ховар).-Имрӯзҳо дар 22 маҳаллаи маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ идома доранд. Сокинони маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр иди аҷдодиро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ Ховар масъулин аз дастгоҳи роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, дар чорабинии наврӯзии маҳаллаи Дӯстии халқҳо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон- иштирокдорони Ҳамоиши адабии ҳавзаи Наврӯз аз ҷумла, олим ва муҳаққиқ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон Орифи Навшоҳӣ, профессори Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, мудири хазинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии шаҳри Тошканд Шоҳниёз Мӯсоев ва Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ширкат доштанд.
Сокинони маҳалла меҳмононро бо анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона гарму самимӣ истиқбол намуда, бо ҳунару истеъдод, риояи суннатҳои наврӯзӣ ва хони идона шинос намуданд. Ҳамчунин бо қувваи бошандагони маҳаллаи номбурда дар растаи наврӯзӣ намунаи маросими наврӯзӣ ва суннатҳои мардуми минтақаҳои кишвар намоиш дода шуд.
Роҳбарияти шаҳр ва меҳмонон кулли мардуми Хуҷанди бостониро бо иди Наврӯз табрик намуда, ба онон ободию сарсабзии диёр ва сарбаландиву шодкомӣ орзу намуданд.

Март 25, 2016 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад