“Хуҷанд” ва “Регар ТадАЗ” бо орзуи Ҷом ба майдон мераванд
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ду бозии нимниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ ба анҷом расид. Дар рақобати аввал дастаи “Регар ТадАЗ”бо КМВА “Помир” мусобиқа орост. Бозӣ ончунон пуршиддат буд, ки муҳофизатгарони ҳарду даста бо дарвозабонҳо тамоми чораро андешиданд, то тӯб вориди дарвоза нагардад. Аз ҳамин хотир ба ҷои ду қисм барои ғолибро муайян кардан ду қисми иловагӣ таъйин шуд ва он ҳам кумак накард ва довари вохӯрӣ Хуршед Додобоев чорае надошт ба ғайр аз таъйини силсилазарбаҳои 11 метраи баъдибозӣ. Бахт ба рӯи футболбозони шаҳри Турсунзода хандид ва онҳо бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз шуда, роҳ ба сӯи финал пеш гирифтанд.
Дар вохӯрӣ маҳорати олии дарвозабонҳои ҳарду даста Алишер Додов ва Азимҷон Қараев намоён шуд. Азимҷон ду пеналтиро баргардонд, Алишер як зарбаро рафъ карда, ду бозингарро маҷбур намуд, ки зарбаҳояшонро ба сутуну тири дарвоза зананд
Дар бозии дуввуми рӯз намояндаи минтақаи Суғд “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва минтақаи Хатлон “Вахш”-и Қурғонтеппа тӯбро ба ҳам кӯбиданд. Дар натиҷа футболбозони соҳили Сир бо ҳисоби 4 бар 2 ғалаба карда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Голҳоро аз дастаи “Хуҷанд” Сафаралӣ Каримов(28), Дилшод Бозоров(63,74) ва Фарҳод Тоҳиров (68), аз “Вахш” Нӯъмонҷон Ҳакимов(40) ва Эҳсон Бобоев(83) ба нишон расониданд. Аҷиб он буд, ки дарвозабони “Вахш” Фатҳулло Бобоев(14) ва Алишер Тӯйчиев(76) бо маҳорати фавқулода нагузоштанд, ки Ҳасан Рустамов ва Аҳтам Ҳамроқулов ҷазои 11 метраро ба дарвоза зананд.
Акнун рӯзи 11-уми март КМВА “Помир” бо “Вахш”(соати 15) барои ҷои сеюм ва “Хуҷанд” бо “Регар ТадАЗ”(соати 18) барои Ҷоми ФФТ вориди майдон мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






