И.Қосимзода: Инсони комил дар домони поки модар парвариш меёбад

Март 1, 2016 11:14

Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Таърих гувоҳ аст: зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим мавриди васфу ситоиш қарор гирифта буд.

Ҳоло дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо 5 савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ҳамсуҳбати нахустини мо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо мебошад.

Савол: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Ҷавоб: Симои зан дар саҳифаҳои таъриху адабиёти куҳанбунёди мо хеле равшану барҷаста инъикос ёфтааст. Таърих то имрўз корнамоиҳои маликаи нотарсу бошуҷоъ Томирис, қаҳрамониҳои бемисли Гурдофарид, ғазалҳову шеърҳои зиндагибахши Зебуниссо, Маҳастӣ, Робияи Балхӣ, Дилшоди Барно ва Таҳмина- модари Сўҳроби ялро дар ёд дорад.

Зани тоҷик аз қадим то имрўз бо тарбияи фарзандони оқилу баодоб, таъмини муҳити орому обод дар хонавода, меҳмоннавозӣ ва бисёр хислатҳои ҳамидаи худ дар ҳақиқат машҳури олам аст.

Модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ воқеан  азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад.

Модари тоҷик аз азал фарзандони бузурги миллатро аз давлатдору сипаҳсолор гирифта, то сарбозони далеру сарбаланд ва вазирону олимони донишманд дар канори худ бо меҳрубонӣ парвариш дод, ба воя расонд ва барои фатҳу кушоишҳои нек раҳнамоӣ кард.

Мураббии нахустини фарзанд модар аст ва тарбияи насли баору номус низ, пеш аз ҳама, дар оила сурат мегирад.

Савол: Оё мақоми имрўзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва  нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Ҷавоб: Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва ваҳдати миллиро мекорад, то оянда насли навраси мо масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсонпарвар ба воя расад. Ва дар фазои ваҳдату истиқлолияти ватани азиз умр ба сар барад.

Рисолати дигари модарон  — ин  нигаҳдошти оила мебошад. Пойдорӣ ва устувории оила ҷомеаро босубот намуда, заминаи қудратмандии давлатро мустаҳкам месозад.

Дар тўли қарнҳо роҳу усулҳои бунёди оилаи устувор ва нақши боризи зан- модар дар он  намудор мегардад. Дар дини мубини ислом нақши  модар ва манзалати зан хеле  баланд арзёбӣ гардидааст, яъне «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Ифтихор дорем, ки модари мусалмон ба чунин  мақоми баланд  соҳиб аст. Ҳамзамон дар ҳазорон панду андарзи ниёгон қадри зан- модар ба маснади боло гузошта шудааст. Дар замони кунунӣ низ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи зан аз ҷониби давлат ҳимоя мегардад.

Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шўравӣ ё замони соҳибистиқлолӣ?

Ҷавоб: Ҳанўз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон Ҳукумат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуявӣ амалӣ мегардонад.

Мо дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намудем ва онҳоро амалӣ карда истодаем.

Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, афзалияти нуфузи фаъолияти занон дар корҳои роҳбарикунанда, густурда гардонидани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёии кишварамон, фароҳам овардани шароити  муфид барои занону бонувон мебошад.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият-  мақомоти олии қонунгузор ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Самараи истиқлолият буд, ки имрўз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону  мақомоти гуногуни кишвар ва байналмилалӣ садо баланд карда,  ҳуқуқҳои хешро дифоъ менамояд.

Имрўз занону духтарони тоҷик дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятие,  ки дар сафҳои худ даҳҳо занони дигарро муттаҳид менамоянд ва барои дигарон ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, инчунин дар байни занон барномаҳои маърифатиро амалӣ менамоянд, рўз аз рўз зиёд шуда истодаанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кўшишҳои худро ба он равона менамояд, ки дар оянда низ барои занону модарон шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда, зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намояд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз иқдомҳои аввалини Тоҷикистони соҳибихтиёр дар соли 1991 таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Ташкили чунин кумита дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ таҷрибаи аввалин ба шумор мерафт.

Ҳадаф аз фаъол намудани кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ- иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи занон,  ҳифзи оила ва модару кўдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат, таълими касбӣ, хизматрасонии тиббӣ ба занону кўдакон, муборизаи занон барои сулҳу осоиштагӣдар кишвар буд.

Барои боло бурдани мақому манзалати зан-модар Ҳукумати ҷумҳурӣ ғамхориҳои пай дар пай зоҳир менамояд. Баъди амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 тасдиқ гардид, ки бори дигар аз ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Занон қувваи пешбарандаи сиёсати давлат ва Ҳукумат мебошанд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар сарбаландона ва босубот фаъолият менамоянд.

Савол: Дар кадом лаҳзаҳои ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рўзҳо ифтихор мекунед?

Ҷавоб: Ҳамарўза аз зан буданам ифтихор мекунам, зеро ман зан-модар ҳастам.

Савол: Тафовут миёни духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонанишин ва коргар аз нигоҳи шумо?

Ҷавоб: Донишомўзӣ муҳимтарин фазилати инсонӣ буда, ба рушду камоли маънавии шахс мусоидат мекунад, нигоҳи ўро ба муҳит, ба оламу ҳаводис амиқу маънирас менамояд.

Барои парвариш кардани тифл модар бояд, таҳсилдида бошад,       зеро маҳз дар домони поки модар фарзанд чун инсони комил ба камол мерасад. Маҳз ў дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва ваҳдати миллиро мекорад, то оянда насли навраси мо ашхоси  масъулиятшиносу  меҳнатқарин, ободкору инсондўст  ва ватанпарвар  ба воя расад. Маҳз модари таҳсилдида ба фарзанд панду андарз меомўзад  ва хонадонашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, аз мушкилиҳои ҳаёт ба зудӣ раҳоӣ меёбад.

Занони коргар ҳамарўза масъулияташонро дар ҷомеа дарк намуда, фаъолтаранд. Ҷаҳонбиниашон васеъ буда, маънавиёташон баландтар аст.

Савол: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик.

Ҷавоб: Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли занону модарони тоҷикро  бо пуршукӯҳтарин ҷашни эҳёкунандаи ҳаёти башарият Рўзи — модар табрик гуфта, барояшон қалби пур аз муҳаббат, зебоии ҷовидона ва тансиҳативу хонаободӣ орзумандам.

Таманнои онро дорем, ки зан – модар рисолати ҳамешагии хеш, яъне эҳсоси покизакориву поксириштиро дар замири фарзандон ҷой намуда, насли ояндаи миллатро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандориву арзишҳои миллӣ ба камол расонад.

Таҳияи Лайло Қосимова

 

 

 

Март 1, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин