Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази саломатӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздики 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудан 1 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ аз панҷ ошёна иборат буда, барои қабули 310 нафар бемор дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Дар Маркази саломатӣ беш аз 300 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибони марказ дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марказ барои ташхису табобати беморон технологияи ҷадиди соҳа аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Корея ворид карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулин таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо ва сабти барқии дил имкон медиҳад, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад. Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан, дар маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳия як навоварии калон аст. Инчунин ба воситаи ин барнома тариқи онлайн табибон барои ташхису табобати беморон бо якдигар машварат мегузаронанд.
Ҳамзамон маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулу, гушу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад. Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар марказ мавқеи махсус дорад.
Дар ин ҷо ҳамзамон сохторҳои вобаста ба тибби оилавӣ, марказҳои зидди сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамбастагии кӯдакона, эмтаъминкунӣ, ташхиси тиббии судӣ ва зидди вируси норасоии масунияти бадан муттаҳид карда шудааст. Ин ба он хотир аст, ки нафарони ниёзманд ташхису табобатро дар як муассисаи тандурустӣ анҷом диҳанд.
Дар марказ барои солимии равонии беморон ва ташхису тавонбахшии маъюбон низ толор ва утоқҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамзамон барои мутахассисони тибби оилавӣ пойгоҳи омӯзишӣ фаъолият хоҳад кард, ки он дар баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии духторон нақши асосӣ дорад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити Маркази нави саломатӣ дар саҳни ҳавлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ орост.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст табибон ва тамоми сокинони ноҳияро бо ифтитоҳи як қатор иншоот, аз ҷумла Маркази саломатии ноҳия табрику таҳният гуфт. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоотҳои гуногунро дар арафаи идҳои зебои баҳорӣ Сарвари давлат тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба мардум дар соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки давлату ҳукумат ҳамаҷониба барои солимии ҷомеа талош меварзад ва дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат чунин марказҳои муосири саломатӣ бо дастгоҳҳои нодир муҷаҳҳаз бунёд карда мешавад.
Сокинони ноҳия зимни баромади хеш ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳатарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳо ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.




















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






