Ҷилавгирӣ аз қочоқи сигор ба Тоҷикистон

Март 9, 2016 18:28

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 5 марти соли равон кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт, воқеъ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Кўҳӣ, аз қочоки сигор пешгирӣ карданд.

5- марти соли ҷорӣ дар вақти гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Митсубиси Паҷеро» рақами  қайди давлатӣ О8306AL аз тарафи нозири дидбонгоҳи гумрукии  Қизил-Арт, капитани Хадамоти гумрук Умронов М аз дохили бағоҷ 300 қуттича сигори истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон бо тамғаи «Полёт», ки ба шаҳрванд  Ҷ. Н тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мехост, ба таври ғайриқонунӣ ва бидуни ҳуҷҷатҳои зарурии гумрукӣ сигорро ба қаламрави Тоҷикистон ворид кунад.

Оид ба шахси қонуншикан парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 557-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки кормандони Хадамоти гумрук ҳамеша талош мекунанд, то вазифаи худро сидқан ва сари вақт иҷро кунанд.

Март 9, 2016 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад