КҲФ ва МГ: Безарурат аз тариқи шоҳроҳҳо сафар накунед ва ба кӯҳу теппаҳо набароед!
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти огоҳии Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки дар рўзҳои муқарраргардидаи боронӣ безарурат аз тариқи шоҳроҳҳо сафар накунанд, зеро хавфи фаромадани тарма аз сабаби номусоид гаштани вазъи обу ҳаво дар назар дошта шудааст.
Аз аҳолии кишвар хоҳиш мешавад, ки барои эмин доштани саломатии худ ва наздикон аз ҳар гуна фаъолият дар кўҳҳу теппаҳо, аз ҷумла, кишту кор, шикор, ҳезумчинӣ ва дигар корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар рўзҳои баҳорӣ ҳар гуна ҳодисаҳо, ба монанди гум кардани роҳ ҳангоми фаромадани туман, фавти одамон ҳангоми раъду барқ, афтидан ба чуқуриҳо ва ҷариҳо, ҷароҳатбардорӣ ва ё фавт ҳангоми фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, 15 март соати 19:20 сокини 24 солаи ҷамоати деҳоти «Пули-Сангин»-и маҳаллаи Тутқавули шаҳри Норак Дӯстмурод Саидов ҳангоми ҷамъоварии алафҳои кўҳӣ дар мавзеи кўҳи Нор ба ҷарии 300 метр афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Сари вақт ҳозир гардидани наҷотдиҳандагони дастаи наҷотдиҳии «Қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳандагони кўҳӣ»-и КҲФ ва МГ дар шаҳри Норак ва сардори ситоди шаҳри Норак боис гардид, ки Д.Саидовро соати 01:40 аз чуқурӣ берун бароварданд.
Қобили зикр аст, ҳоло Дӯстмурод Саидов дар беморхонаи марказии шаҳри Норак бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш муътадил мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






