«Корвони китоб» ба Ванҷ расид
Ванҷ, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар марказии ноҳияи Ванҷ «Корвони китоб»-ро сокинони сершумори ноҳия ботантана истиқбол гирифтанд. Имсол ин корвонро ҳамчунин як гурӯҳ аъзои кумитаи иҷроияи марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Зикр шуд, ки ҳадафи ҳарду гурӯҳ як аст- боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҷовидон нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ тавассути асарҳои бузурги адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик. Агар миллат донову таҳсилкарда бошад, ба арзишҳои миллӣ дар ҳама ҳолат пойбанд мемонад ва ба доми фиреб кашидани он ғайриимкон аст.
Бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии таъмин ва савдои китоби назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия китобҳои тозанашри шоирон ва нависандагони тоҷик ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Хамчунин корхонаи мазкур асарҳои зиёди адабию илмиро ба бахши фарҳанги ноҳия тақдим намуд.
Сафари «Корвони китоб» ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






