Корвони шодӣ ба шаҳриён пайғоми наврӯзӣ мерасонад
Душанбе, 18.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Душанбешаҳр-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи 21 март бо мушакпаронии идона дар «Боғи Ғалаба» ва ба роҳ баромадани корвони наврӯзӣ- «Корвони шодӣ» бо садои карнаю сурнай аз чор маҳаллаи пойтахт -Бадахшон, Кӯҳдоман, Лучоб ва майдони назди Сирки давлатӣ оғоз гардида, бо расонидани пайғоми наврӯзӣ ба шаҳриён ба ҷониби «Наврӯзгоҳ» роҳ пеш мегирад.
Тибқи барномаи идонаи тарҳрезинамудаи шаҳрдории Душанбе базмгоҳи асосии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Наврӯзгоҳи пойтахт буда, дар ин ҷо 21 март барномаи идонаи театрикунонидашуда, ки фарогири суннат ва оинҳои наврӯзист, пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.
Инчунин 22 март маорифчиёни шаҳри Душанбе дар «Боғи пойтахт» ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро таҷлил намуда, дар ҳамин рӯз сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии Душанбе бо барномаҳои идонаи консертӣ ташкил мешавад. 23 март сокинони ноҳияҳои пойтахт ҷашни фархундапайи Наврӯзро дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони «800-солагии Маскав», боғҳои фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» таҷлил менамоянд.
Ҷашни фархундапайи Наврӯзро мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, бахусус тоҷикон бидуни баргузории мусобиқоти гуногуни варзишӣ тасаввур наменамоянд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи аҷам шаҳрдории Душанбе беҳтарин паҳлавонон ва асптозонро аз саросари кишвар ба пойтахт ба мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва гӯштини миллӣ даъват менамояд. Ин сабқатҳои наврӯзӣ: гӯштини миллӣ 22 март соати 10:00 ва мусобиқаи пойга ё худ аспдавонӣ 23 март соати 10:00 дар Наврӯзгоҳи пойтахт гузаронида шуда, беҳтарин паҳлавони гӯштини миллиро ҷоиза мошини сабукрав ва ғолиби мусобиқаи пойгаро аспи бодпои зоти тоҷикӣ интизор аст.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






