Кумаки башардӯстонаи Покистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ Ховар).- Раванди воридшавии кумаки башардӯстона аз давлатҳои кумакрасон ба аҳолии аз заминларза осебдидаи вилояти Бадахшон идома дорад. Қисмати сеюм ва чоруми корвони кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба аҳолии аз заминларза осебдидаи минтақаи Бадахшон ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гашт.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Покистон, қисмати сеюм бо 3 мошини боркаш ҳомили 113 тонна гандум 26-уми феврали соли 2016 ва қисмати чорум шомили 7 мошини боркаш бо 260 тонна гандум 2 март аз марзи Ҷумҳурии Исломии Покистон берун шуд. Дар назар аст, ки корвони мазкур рӯзҳои наздик вориди ҳудуди ҷумҳурӣ гардад.
Бояд зикр намуд, ки қисмати аввали он бо теъдоди 4 мошин бо хаймаҳои истиқоматии мавсимӣ (17 феврали соли 2016) ва қисмати дуюм бо теъдоди 10 мошин бо 378 тонна гандум (4 марти соли 2016) ба Тоҷикистон ворид гаштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






