Лигаи чемпионҳои Осиё: Дастаҳои футболи Эрон дар куҷо бозӣ мекунанд: Тоҷикистон ё Узбекистон?

Март 17, 2016 11:37

Душанбе, 3.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё бозиҳои дастаҳои Эрон бо Арабистони Саудӣ дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар кишвари савум, дар майдони футболи кишвари бетараф баргузор хоҳанд шуд.
Бо дархости Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ, дар мавриди муташанниҷ шудани вазъи сиёсии Эрон ва Арабистони Саудӣ пас аз ҳамлаҳои рӯзи 2-юми январ ба сафорат ва консулгариаш дар Теҳрон ва Машҳад, робитаашро бо Ҷумҳурии исломии Эрон қатъ кардааст.
Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё дар робита ба ин тасмим гирифта буд, ки агар равобити Арабистони Саудӣ ва Эрон то рӯзи 15-уми март ба ҳолати пештара барнагардад, мусобиқоти дастаҳои ин ду кишвар дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар кишвари савум доир мешавад. Ба гуфти КФО “Ҳукумати Арабистони Саудӣ сафари шаҳрвандони худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон манъ кардааст ва ин ҳолат то рӯзи гузашта роҳи ҳалли худро пайдо накард ва Конфедератсияи Футболи Осиё чунин қарор мекунад, ки бозиҳо дар кишвари сеюм баргузор шаванд”.
Дар ҳамин ҳол масъулини футболи Эрон баргузор шудани бозиҳои Лигаи чемпионҳоро бо ширкати дастаҳои кишварашон дар мамлакатҳои Қатар, Уммон, АМА ва Лубнон рад кардаанд ва эҳтимол меравад, ки ду кишвар — Тоҷикистон ва Узбекистон мизбони намояндагони клубҳои Эрон бо Арабистони Саудӣ шаванд.
То кунун роҳбарияти се клуби иштирокдори Лигаи чемпионҳо — «Тракторсозӣ», Сипоҳон» ва «Зуб Оҳан » ҳанӯз ҳеҷ вокунише ба ин қарори Конфедератсияи футболи Осиё нишон надодаанд. Аммо ба навиштаи хабаргузории «Форс», ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ва Узбекистон эҳтимолан ҳамчун мизбони тимҳои эронӣ дар рақобат бо дастаҳои Арабистони Саудӣ пазируфта шаванд.

Март 17, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад