Маҳфили шеъри Муъмин Қаноатро Ҷӯрабек ва Афзалшо нуру зиё мебахшанд
Душанбе, 15.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 17 марти соли равон соати 14:00 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат баргузор мегардад. Интизор меравад, ки маҳфили шеъри шоири шинохтаи тоҷик Муъмин Қаноатро овозхонҳои шинохтаи кишвар Ҷӯрабек Назрӣ ва Афзалшо Шодӣ бо суруду таронаҳои дилошӯб шукӯҳи тоза бахшанд.
Назар ба иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чунин маҳфилҳои адабии шоирони тоҷик дар арафаи ҷашни ҳуҷастапайи Наврӯз дар доираи баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни фархунда дар Душанбе доир мегардад, гузаронида мешаванд. Ба иттилои Ато Мирхоҷа дар Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






