Мактабҳои омӯзишӣ барои мураббиёни варзишӣ
Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи бадминтони Тоҷикистон аз 30 март то 2 апрели соли 2016 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мактабҳои тренинги омӯзишӣ барои мураббиёни варзишӣ ва муаллимони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур масъули Ташкилоти «Бадминтони Осиё» оид ба рушд — мураббии байналмиллалӣ Самбентан Сиваперумал ширкат менамояд.
Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорату малакаи мураббиён ва муаллимони тарбияи ҷисмонӣ дар намуди варзишии бадминтон буда, иштирокдорон ҳамзамон байни худ мубодилаи таҷриба хоҳанд кард.
Дар рӯзи ниҳоии ин семинари омӯзишӣ ба иштирокдорон сертификатҳои Ташкилоти варзишии «Бадминтони Осиё» ва ба муассисаҳое, ки намояндаҳояшон дар чорабинӣ ширкат намуданд, лавозимоти варзишӣ барои тамрину баргузории чорабинӣ аз рӯи намуди бадминтон туҳфа карда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






