Малах — офат аст
Турсунзода, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи иттиллои Сайдалӣ Холматов, сармутахасиси Корхонаи мубориза бар зидди малах дар шаҳри Турсунзода алҳол дар деҳаҳои Оға, Долонсой, Ободон, Ленинизми ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон бар зидди малах мубориза вусъат меёбад. Холо 25 нафар бо либос, таҷҳизоти зарурӣ ва заҳрхимикатҳо пурра таъмин буда, зироатро аз зарари малах наҷот медиҳанд.
Тавре ки Сайдалӣ Холматов иброз дошт, дар чарогоҳҳои зимистонаи хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз дар мавзеъҳои Чӯпоншаҳид, Боғи ҷидда, Найзабулоқ ва Хокак паҳн гаштааст низ мубориза бар зидди малах оғоз мешавад.
Соли гузашта дар ҳамаи мавзеъҳои паҳнгаштаи малах дар масоҳати 3442 гектар дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ва чарогоҳҳои зимистона, коркарди кимиёвӣ муқобили малах гузаронида шуд. Дар мавсими мубориза бар зидди малах 4 техникаи дорупошии ОВХ-28, 3 мошини обкаш, 100 дорупошаки дастӣ ва беш аз 100 коргари мавсимӣ ба кор ҷалб шуда буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






