Машқҳои муштарак-кафили амният
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи муштараки маҷмўи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2016 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки дар он наздики 50 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фиридун Маҳмадализода ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки омодагӣ баҳри ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак аз 9-уми март оғоз гардида, чор марҳилаи асосии багузорӣ ва даври ниҳоии он аз 15 то 20-уми марти соли 2016 дар машқгоҳҳои ҳарбии “Ҳарбмайдон”, “Ҳомиён”, “Сумбула”, “Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи машқҳои мазкур, бори аввал Пойгоҳи 201-уми ҳарбӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои иловагии Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия барои амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкат менамоянд. Аз ин рў, ба маҷмуи машқҳои муштараки васеи низомӣ наздики 50 ҳазор нафар ҷалб гардида, аз ин шумора наздики ду ҳазор нафарашонро хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.
Дар баробари ҷалби наздики 50 ҳазор ҳайати шахсӣ дар гарнизони Хатлон инчунин ба маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ беш аз 950 адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, 20 адад ҳавопаймоҳҳои ҷангиву нақлиётии бомбаандоз, қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, 12 адад чархболҳои мухталифи ҳарбиву нақлиётӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин истифода мегарданд.
Дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар 25 шаҳру навоҳии гарнизони Хатлон ситод ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарордошта, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи ин чорабинии низомӣ заруранд, истифода мегарданд.
Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар ҳудуди гарнизони Хатлон ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва куҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.













Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






