Мавқеи Туркманистону Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳо ҳамсон аст

Март 12, 2016 11:46

Душанбе, 12.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табодули хуби афкор сурат гирифта, масъалаҳои минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Дар ин бора сафири тозатаъйини Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чари Атаев 11 март дар Душанбе изҳор дошт.

Чари Атаев зикр намуд, ки мавқеи мо дар ин масъалаҳо аз бисёр ҷиҳат ҳамсонанд. Мо дорои муносиботи хуби анъанавӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мебошем. Имрӯз аввалин форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар хотима ёфт ва умедворам, ки он як марҳилаи нави таҳкими минбаъдаи муносиботи тиҷоратию иқтисодӣ хоҳад буд.

Март 12, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад