Мизи мудаввар бахшида ба Наврӯз
Душанбе, 14.03.2016 ( АМИТ «Хоар»).- Дар Конуни забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфидлдин Назарзода ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод карда, гуфт, ки ин танҳо як ҷашн нест, ин эҳёи табиат, баҳор ва зиндагии тоза аст.
Мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён дар мавзӯи «Наврӯзи ҷаҳонӣ худ ваҳдати миллист» гуфт: «Наврӯз суннати ниёгон аст, ки ҳама асосҳои ваҳдатро дар худ таҷассум кардааст».
Устоди Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон Аслиддин Салимов дар мавзӯи «Идеяҳои умумишиносӣ дар «Наврӯзнома»-и Хайём» мърӯза кард. Вай ин шоҳасари бузурги илмиро яке аз аввалин китобҳое номид, ки тақвими дақиқи оламиёнро тартиб додааст.
Ҳозирон ҳамчунин маърӯзаи корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдуламин Маҷнуновро бо номи «Пайки Наврӯзӣ» шунида, барои худ ғизои маънавӣ бардоштанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






