Муаррифии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар Донишкадаи политехникии Хуҷанд

Март 11, 2016 15:39

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 августи соли 2015 аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ барои рушди сифати таълим дар мактабҳои олии кишвар 15 миллион доллар ҷудо гардид, ки он тайи 6 сол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал татбиқ мешавад.
Дар ҳамин замина ба хотири муаррифии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ҷейсон Вивер, роҳбари барнома дар соҳаи маориф Саодат Бозорова ва роҳбарони муассисаҳои олии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи мазкур Бозоралӣ Одиназода гуфт, ки бештарини ин маблағҳо барои амалишавии лоиҳаҳои рушди сифати таълим дар мактабҳои олӣ равона мегардад.
Ҳамчунин Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки аз ҷамъи умумии маблағи мазкур 8,25 миллион доллар ҳамчун кредит ва 6,75 миллион доллар чун грант дода мешавад.

Март 11, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе