Мулоқоти А. Абдуллозода бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон бо роҳбарии профессор Санада Ҳисаши — сардори факултаи тандурустӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода нахуст аз ҳамкории кишварҳо ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ҳамкории муштарак доранд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бештар аз 128 мактаии варзишӣ фаъолият мекунад, ки дар бештари онҳо ҷавонону наврасони тоҷик дар баробари гӯштини миллии тоҷикӣ ба намудҳои варзиши ҷопонӣ, аз қабили дзюдо машғул мебошанд.
Роҳбари кумита ҳамзамон аз сиёсати варзишпарваронаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарон ва инкишофи гӯштини миллии тоҷикӣ дар масири таърих ёдовар шуда, таъкид дошт, ки варзишгарони тоҷик сол ба сол дар мусобиқоти байналмилалӣ ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд.
Раиси кумита аз ташрифи профессорони ҷопонӣ истиқбол намуда, изҳор дошт, ки он боиси тағйироти ҷиддӣ дар илми варзиш мегардад.
Намояндаи Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон Санада Ҳисаши аз ҳамкории ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ карда, таъкид дошт, ки Ҷопон бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобиланд судмандро ба роҳ мондааст ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар метавон ҳамкориро дар бахши варзиш ба роҳ монд.
Профессори ҷопонӣ, ки ба таҳқиқи намудҳои гуногуни варзиш машғул аст, гӯштини миллии қадимии тоҷикро хеле ҷолиб арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ба гӯштини миллии қадимии тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Санада Ҳисаши дар ин мулоқот аз меҳмоннавозии тоҷикон ва рушди варзиш ситоиш карда, изҳор дошт, ки соли оянда барои иштирок дар ҷашни Наврӯз ва гӯштини миллӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба намуди варзиши ҷопонӣ таваҷҷуҳи варзишгарон хеле зиёд буда, табодули таҷрибаи мутахассисони ҷопонӣ ба мураббиёни тоҷик аз рӯи мақсад мебошад.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






