На ҷазо, на ҷарима. Боҷи гумрукӣ пардохт шуд
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Соҳибкори инфиродӣ З. Қодиров, ки ба миқдори 13 ҳазору 600 халта ордро ба Тоҷикистон ворид намуд, на ба тариқи ҷазо ва ҷарима, балки корҳои фаҳмондадиҳӣ боҷи гумрукиро пардохт намуд.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ полполковники Хадамоти гумрук Мамуров Д. ва нозири калони РТМҲГ лейтенанти калони хадамоти мазкур анбори соҳибкор Қодиров Зуршоҳ Тошматович, дар ҳузури соҳибмулк ва шахсони холис аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд. Муайян карда шуд, ки дар анбори мазкур 13 ҳазору 600 халта орди истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон мавҷуд аст.
Ҳангоми талаб намудани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории гумрукии ордҳои анбори ў соҳибкор Қодиров гуфт, ки барои пардохти маблағи барасмиятдарории гумрукии ордҳои мазкур ба муҳлати 15 рўз аз гумруки Нов иҷозат гирифтааст.
Зимни суҳбат ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкор Қодиров ордҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар анбори ў мавҷуд буданд, пурра ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд. Ҳамчунин ба буҷаи давлат ба маблағи 399 ҳазору 150 сомонӣ пардохт шуд. Бояд ёдовар шуд, ки 15-уми феврали соли 2016 дар асоси супориши роҳбарияти Хадамоти гумрук гурўҳи корӣ иборат аз кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, Раёсати ташкили назорати гумрукӣ ва Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ ташкил шуд. Мақсади санҷиш риояи талаботи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барасмиятдарории пурраи маҳсулоти орд ва гандум ба анборҳои нигаҳдорӣ ва фурўши орд алоқаманд буд.
Қобил ба зикр аст, ки дар натиҷа соҳибкор бе ҷазо ва ҷарима боҷи гумрукиро пардохт намуда, ҳоло ба фаъолияти соҳибкорӣ идома дода истодааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






