Нафари дастгиршуда аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба хабари дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида оид ба он, ки гӯё як корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо маводи мухаддир дастгир намудаанд, иттилоъ медиҳад, ки ин нафар Муродалӣ Иброҳимов, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ буда, бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 бинобар кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






