Намояндаи Узбекистон дар васфи Пешвои миллат шеъри тозаэҷодашро қироат кард

Март 20, 2016 17:10

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – «Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мардуми Узбекистон низ Наврӯзро ҷашн гирифта истодаанд. Замоне буд, ки ҷашни Наврӯзро манъ карда буданд. Имрӯз пас аз ба даст овардани истиқлолият ва дастгириҳои беназири Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми олам Наврӯз ҷашн гирифта мешавад»,-гуфт намоянда аз Ҷумҳурии  Узбекистон профессор,  А. Қамарзода дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиён, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид.

Ба гуфтаи А. Қамарзода Наврӯз  ҳамчун иди умумихалқӣ дар кишвари Узбекистон ҳам ҷашн гирифта мешавад. «Вале он Наврӯзе, ки имрӯз мо дар диёри тоҷикон мебинем, шукӯҳу шаҳомати дигар дорад. Мо чанд рӯз аст, ки шоҳиди тантанаҳои пеш аз наврӯзӣ ҳастем. Мо пеш аз ин ҳамасола ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро тариқи телевизион тамошо мекардем. Имрӯз мо ҷашни Наврӯзро бо чашми худ дидем ва аз шаҳомати он дар ҳайрат мондем. Дар бораи наврӯз чанде гӯем кам аст, имрӯз дар ин минбар шеъру таронаҳои зиёд қироат карда шуд. Мо аз дастовардҳои миллати тоҷик хеле хурсандем. Қадамҳое, ки Пешвои тоҷикон  Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу ваҳдат мениҳад, доимо  моро ба ваҷд меорад.    Ин ҷо  ман чанд сатр аз қаъри дил барои Пешвои тоҷикон  бо номи «Эмомалӣ Раҳмон-Сарвари тоҷикони ҷаҳон» навиштаам ва мехоҳам қироат кунам:

Эмомалии Раҳмон номат ба корат муносиб ончунон,

Модару падар ин номро дода, бо хости Худои меҳрубон.

Аллоҳро шукр мегӯем, мо аз субҳи содиқ то ба шом,

Мисли ту Сарвари оқил доранд тоҷикони ҷаҳон…»,-гӯён, шеъри тозаэҷодашро ба ҳозирин пешкаш кард А.Қамарзода.

Март 20, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад