Ҷоми ҷаҳон- 2018. Мубориза дар Осиё шиддат мегирад

Март 31, 2016 10:18

Душанбе, 31.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Баъди ба анҷом расидани дидорҳои марҳалаи дуввуми мусобиқа барои Ҷоми ҷаҳон- 2018 оид ба футбол дар қиъаи Осиё, ки финали он дар Русия баргузор мешавад, 12 дастаи муваффақ муайян гардиданд. Ба ҳамин тартиб аз мақоми аввали гурӯҳҳо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Австралия, Қатар, Эрон, Ҷопон, Таиланд, Кореяи ҷанубӣ ва Ӯзбекистон, аз ҷои дуввум миллипӯшони Ироқ, Сурия, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Чин барои 4-5 ҷойи муайяншуда муборизаро идома медиҳанд.
Марҳалаи сеюми бозиҳо баъди қуръакашӣ, ки рӯзи 12 апрел дар мақомгоҳи КФО- шаҳри Куала Лумпури Малайзия барпо мегардад, шурӯъ хоҳад шуд.
Тибқи низомномаи мусобиқот 12 даста ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва вохӯриҳо ба таври даврӣ сурат гирифта, ҳар як тим бо баргузор кардани бозиҳои рафту баргашт онро сомон медиҳад.
Ду дастаи ғолиб ва ҷои дуввуми гурӯҳҳо мустақиман ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон мераванд. Барандагони мақоми сеюм бо ҳам дар ду рақобат ғолибро муайян карда, барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон бо соҳиби мақоми панҷуми КОНКАКАФ дар ду бозӣ мусобиқа меороянд.
Ба ҳамин тартиб дар ҷамъбаст мо иштирокдорони Ҷоми ҷаҳон- 2018- ро дар Осиё хоҳем дид.

Март 31, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд