Ҷопон ба Сурия кумаки иловагӣ мерасонад
Душанбе, 21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҷопон иловатан 5 миллион доллар барои дастгирии сокинони навоҳии дурдасти Сурия ҷудо мекунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон маблағи ҷудогардида ба воситаи як зумра ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла аз тариқи ташкилоти Салиби Сурх ва Хадамоти СММ оид ба безараргардонии минаҳо тақсим мешавад.
Бояд зикр кард, ки ин маблағ барои кумаки озуқаворӣ ва барқароркунии қубурҳои обгузари минтақаҳои дурдасти Сурия истифода мешавад. Ҳамчунин қисми муайяни маблағҳо барои ёрии фаврии тиббӣ ва амалиёт оид ба безараргардонии минаҳо харҷ мегардад.
Моҳи январи соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кисида хабар дод, ки барои ба эътидол овардани вазъи Сурия ва Шарқи Наздик Токио 350 млн. доллар ҷудо менамояд. «Илова ба маблағе, ки мо барои гурезагон ва шахсони аз ҷое ба ҷои дигар рафта дар Сурияву Ироқ ва ҳамчунин мамлакатҳои ҳамсоя барои ба эътидол овардани вазъи Сурия ва Шарқи Наздик ҷудо карда будем, боз 350 млн. доллари дигар ҷудо мекунем»,- гуфта буд ў он замон.
Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ 29 сентябри соли 2015-ум дар Ассамблеяи Генералии СММ изҳор дошт, ки Токио барои гурезагони Сурия ва Ироқ 810 млн. доллар ҷудо мекунад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






