Оё матбуот набзи замон аст?
Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрўз матбуот бо тақозои вазифаи хеш ифодагари розу ниёзҳои мардум мебошад ва он ба як рукни ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.
Мавқеъ ва нуфузи рўзномаю маҷаллаҳо дар ҷомеа сол то сол боло рафта, мавриди таваҷҷуҳи амиқи ҳамагон қарор дорад. Мардум дар фаъолияти ҳамарўзаи хеш ба матбуот ниёз дорад. Беҳуда нест, ки онро оинаи рўзгор меноманд. Махсусан дар ҷомеаи имрўза бидуни иттилооти возеҳу дақиқ ва ҳақбинона ва бе дарки воқеаю рўйдодҳои кишвар ва хориҷи он пешрафту инкишоф ғайриимкон аст.
Ҳар як сокини кишвар набзи давру замонро тавассути матбуот, бахусус рўзномаю маҷаллаҳо ва меҳнати шабонарўзии рўзноманигорон эҳсос менамояд ва ба равандҳои ҳаёти имрўза баҳо медиҳад.
Аз ин рў, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти даврон ва муносибатҳои бозаргонӣ барои пешрафти соҳа ғамхории ҳамарўза зоҳир менамояд.
Вале мутаассифона, бояд иқрор шуд, ки на ҳамаи онҳо ба таҳлили амиқи воқеияти зиндагӣ, масъалагузорӣ, ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли проблемаҳо, пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ машғул ҳастанд. Бештар рўзномаҳо роҳи фаъолияти нусхабардорӣ аз дигар маводи чопиро пеш гирифтаанд, ки ин ба дарди мардум намехўрад.
Имрўз барои мардуми мо вақту замони бунёдкорӣ расидааст ва ин нукта дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр гардид.
Матбуот вазифадор аст оммаро ба созандагӣ даъват намояд. Вале бисёр рўзноманигорон аз инъикоси ҳаёту фаъолияти коргару деҳқон канораҷўӣ мекунанд. Илова бар ин, бисёр маводе, ки тавассути рўзномаю маҷаллаҳо пешкаши хонандагон гардонида мешаванд, хому саросема рўи коғаз меоянд. Пешниҳоду таҳлили масъалаҳои доғи рўз ва инъикоси пурраи ҳаёт имрўз ба назар намерасад. Рўзномаю маҷаллаҳои алоҳида рисолати худ — оинаи зиндагӣ буданро ба пуррагӣ ба ҷо намеоваранд.
Мусаллам аст, ки ҳар нашрияе бо сабку услуби худ ба ҷомеа кўшиши хидмат намудан дорад ва озодона он корро анҷом медиҳад. Бояд зикр намуд, ки озодии сухан ва матбуот муайянкунандаи асосии низоми ҳар як кишвар аст, ки он тавассути меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ амалӣ мешавад. Яъне, ҳар як рўзноманигор вазифадор аст ҳангоми иҷрои вазифа, аввалан талаботи қонунро дар бораи шаъну шарафи инсон риоя намояд. Озодии матбуот муқаддасотест, ки ҳама ба он соҳиб шудан мехоҳанд. Аммо басо муҳим аст, ки он одилона дар амал татбиқ шавад. Гуногунақидагӣ дар матбуот мавқеи махсуси худро бояд дошта бошад.
Имрўз дар ҷумҳурӣ аксар ташкилоту идора нашрияи худро доранд. Илова бар ин нашрияҳои шахсию ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд, ки ҳадафҳои худро ба воситаи рўзномаю маҷаллаҳо тарғибу ташвиқ карда, бо ҳамин вазифаашонро ба ҷо меоранд. Ин тақозои давру замон аст. Вале рисолат ва эҳтироми касбу ҳимояи шарафи касбӣ набояд ҳеҷ гоҳ сарфи назар гардад, зеро оқибати ногувори сарфи назар гардидани ин муҳиммиятҳоро ҳар як нафар метавонад тасаввур кунад.
Ҳамасола 11-март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рўзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.
Аз ин рў, аз номи аҳли эҷоди рўзномаи «Баҳори Аҷам» тамоми рўзноманигорон, қаламкашон, кормандони радиову телевизион ва чопгаронро ба муносибати иди касбӣ таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳо орзумандам.
Саттор ҶАЛИЛОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи
“Баҳори Аҷам”








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






