Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомии занон ва ифтихори миллат» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33‑солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, иштирокдорони ҳамоиш доир ба рушди соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус дар самти дастгирии занон ва тавсеаи мақоми онҳо дар ҷомеа сухан намуданд. Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш дар бораи таърихи баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар устувории давлатдорӣ, инчунин оид ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва гӯшаи «Иҷлосияи Xтамошо намуданд. Мутахассисони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар бораи нигораҳои пурарзиш ва ёдгориҳои таърихӣ, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос мекунанд, маълумоти муфассал доданд.
Аз ҷумла, мусаввараи рассоми чинӣ Сан Чао Танг «Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», офаридаи рассом Вафо Назаров «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари НБО-и «Норак»», офаридаи рассом Беҳзод Боймуродов «Тоҷикистони воҳид», ки симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тасвир намудааст, мусаввараи рассом Ғафур Ҷураев «Савганди ҷовидонӣ», ки дар он лаҳзаи бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шурои Олӣ инъикос шудааст, муаррифӣ гардиданд.
Барои меҳмонон дар толори «Истиқлоли давлатӣ»-и Осорхонаи миллӣ низ сайри осорхонавӣ ташкил шуда, тамошобинон бо осори муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла доир ба раванди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид, курсӣ аз толори маҷлисгоҳи «Қасри Арбоб», қалами таърихие, ки бо он ҳуҷҷатҳои муҳими созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расидаанд, кӯзаи Ваҳдат, ки хокаш аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст, сиккаҳое, ки бо онҳо боэътимодии кори чархаҳои 1-ум ва 2-юми Неругоҳи барқи обии «Роғун» санҷида шудаанд, минбаре, ки соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар болои Конститутсия даст гузошта, қасам ёд кардаанд ва дигар осори даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ки аҳамияти муҳими таърихӣ доранд, аз наздик шинос шуданд.
Муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ҳадафи асосии ҳамоиш арзёбӣ гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст






