Пешгирӣ аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар

Март 9, 2016 18:40

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони  мақомоти гумрук аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ  пешгирӣ карданд.

  Як соҳибкори инфиродӣ, соли таваллудаш 1974  сокини шаҳри Душанбе бо мақсади  интиқоли металҳои сиёҳ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.03.2003 с №РП-994 содироти он манъ карда шудааст, ғайриқонунӣ мехост онро ба  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон интиқол диҳад.

Соҳибкор шахсан худаш тавассути се адад автомашинаҳои боркаши рақами қайди давлатиашон ТҶ 35-28 АК01, ТҶ 17-24 АН 01 тамғаҳои «Хова» ва рақами қайди давлатиаш ТҶ 69-13 АР 01 тамғаи «Шакман» аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 265445 кг ба маблағи 291 989,5  сомонӣ пораҳои металҳои сиёҳро бор карда,  рўзи 21.01.2016 сол бе ягон ҳуҷҷатҳои  лозима барои бо роҳи қочоқ ва ғайриқонуни содирот намудани он ба Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон  воситаҳои нақлиёти зикршударо роҳбаладӣ карда,  ба наздикии гузаргоҳи сарҳадӣ, яъне минтақаи назорати гумрукии Панҷи Поён бурда мерасонад.

Нисбат ба ҳолати мазкур аз тарафи шўъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати  минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон санҷиш гузаронида шуд.

Дар натиҷа нисбати ин соҳибкори инфродӣ санаи 05.02.2016 сол бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаҳои 32 қ. 3, -289қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рўи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Март 9, 2016 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик