Пешгирӣ аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони мақомоти гумрук аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ пешгирӣ карданд.
Як соҳибкори инфиродӣ, соли таваллудаш 1974 сокини шаҳри Душанбе бо мақсади интиқоли металҳои сиёҳ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.03.2003 с №РП-994 содироти он манъ карда шудааст, ғайриқонунӣ мехост онро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол диҳад.
Соҳибкор шахсан худаш тавассути се адад автомашинаҳои боркаши рақами қайди давлатиашон ТҶ 35-28 АК01, ТҶ 17-24 АН 01 тамғаҳои «Хова» ва рақами қайди давлатиаш ТҶ 69-13 АР 01 тамғаи «Шакман» аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 265445 кг ба маблағи 291 989,5 сомонӣ пораҳои металҳои сиёҳро бор карда, рўзи 21.01.2016 сол бе ягон ҳуҷҷатҳои лозима барои бо роҳи қочоқ ва ғайриқонуни содирот намудани он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воситаҳои нақлиёти зикршударо роҳбаладӣ карда, ба наздикии гузаргоҳи сарҳадӣ, яъне минтақаи назорати гумрукии Панҷи Поён бурда мерасонад.
Нисбат ба ҳолати мазкур аз тарафи шўъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон санҷиш гузаронида шуд.
Дар натиҷа нисбати ин соҳибкори инфродӣ санаи 05.02.2016 сол бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаҳои 32 қ. 3, -289қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рўи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






