Президенти Тоҷикистон: “Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангӣ ва ваҳдатсоз аст”

Март 20, 2016 10:20

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – “Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад”, — изҳор дошт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон доир шуд .

Ба таъкиди Президенти кишвар Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад.

Март 20, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд