Путин, Кэмерон, Меркел ва Олланд вазъи Сурияро баррасӣ хоҳанд кард
Душанбе, 04.03.3016. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбарони Русия, Британия, Олмон ва Фаронса- Владимир Путин, Дэвид Кэмерон, Ангела Меркел ва Франсуа Олланд имрӯз, 4-уми март оид ба Сурия конфронси телефонӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
«Дар нақшаҳо ҳаст», — гуфт ӯ дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон.
Чанде пеш аз ин Элен Бауэр, намояндаи сарвазири Британия иттилоъ дод, ки сарони давлатҳо рӯзи ҷумъа конфронси телефонӣ баргузор хоҳанд кард. Чунонки худи сарвазири Британия зикр кард: «қатъи хушунат дар Сурия — як иқдоми бузург ба пеш аст ва он барои дар ҳафтаи оянда оғоз гардидани музокироти сиёсӣ имконият фароҳам меорад».
Аз 27-уми феврал дар Сурия оташбасе, ки оид ба он Маскав ва Вашингтон ба мувофиқа расида буданд, мавриди амал қарор дорад. Аз он гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳои аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.
Интизор меравад, 9-уми март дар Женева музокироти навбатӣ доир ба танзими низоъ дар Сурия баргузор гардад. Музокироти қаблӣ 29-уми январ бе иштироки мухолифин баргузор шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






