Р. Назарзода: Тоҷикистон корвони рўзноманигорони кишварҳои аъзои ИДМ-ро қабул хоҳад кард

Март 16, 2016 16:31

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Тоҷикистон дорои табиати зебо, обҳои мусаффо, осоишгоҳҳои табобатӣ ва гиёҳҳои шифобахш мебошад. Бинобар ин ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ хориҷиён ва мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳарчанд имрӯз ин соҳа рушд карда бошад ҳам, вале дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ корҳои зиёдеро бояд ба сомон расонд»,-гуфт муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар доираи ҷаласаи XXI Шўрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 15 март дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Ризо Назарзода пешниҳод намуд, ки бо мақсади пайдо намудани маълумоти бештар оид ба равандҳои ҳамгироӣ наворҳои иттилоотӣ -тарғиботии Guidebook (Роҳнамои туристӣ)-и кумита дар сомонаҳои агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ ҷой карда шаванд. Ин як василаи муҳим барои ошноӣ пайдо кардан аз таъриху фарҳанг, расму оин ва дигар имкониятҳои сайёҳии давлатҳои аъзо ба шумор меравад.
Барои боз ҳам беҳтар ошно гардидан бо Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳии он Ризо Назарзода роҳбарони агентиҳоро ба сайёҳии шиносоӣ даъват намуд. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа хуб пазируфта шуданд.
Ҳамзамон нахустин шуда Тоҷикистон корвони рўзноманигорони кишварҳои аъзои ИДМ-ро қабул менамояд, ки ин иқдом барои муаррифии иқтидори туристии Тоҷикистон ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Март 16, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад