Раҳмонобод -деҳаи нав дар Шуғнон
Душанбе,03.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ ду шаҳрак бо номҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шуд.
Дар ин хусус имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тасдиқ намуданд. Инчунин тибқи қарори Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон деҳаи нав таъсис дода шуда, он Раҳмонобод номгузорӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки тобистони соли гузашта бар асари ҳодисаҳои табиӣ -омадани сел деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон хисороти зиёд дида, бисёре аз хонаҳои сокинони ин ҷамоат хароб гардиданд. Бо саъю талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи бехавф қитъаи замин ҷудо гардида, барои зарардидагони офати табиӣ дар муддати кӯтоҳ 82 хона сохта шуда, бо тамоми ҷиҳоз пешкаши сокинон гардонида шуд. Аз ин рӯ Раҳмонобод гузоштани номи деҳаи нав дар деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон арзи сипос ва шукргузории сокинони ин деҳаи навбунёд ба Президент ва ба Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






