“Регар ТадАЗ”- барандаи Ҷоми ФФТ

Март 12, 2016 11:27

Душанбе,12.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Клуби футболи “Регар ТадАЗ” маротибаи дуввум соҳиби Ҷоми ФФТ гардид. Дирӯз дар бозии ниҳоии ниҳоят душвор футболбозони шаҳри Турсунзода “Хуҷанд”-ро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб намуда, баранда шуданд. Ягона голро дар дақиқаи 25-ум бозингари нави даста Ромиш Ҷалилов ба ҳадаф расонд. Агар ба бозиҳои пешинаи “Регар ТадАЗ” таваҷҷуҳ кунем, пас Ромиш Ҷалилов дар вохӯрӣ бо “Хайр” низ бо ягона голи задааш футболбозони шаҳри Турсунзодаро ба бозиҳои нимниҳоӣ раҳнамун сохта буд.
Дар вохӯрӣ барои мақоми сеюм “Вахш”-и Қурғонтеппа бар КМВА “Помир” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Муҳофизатгари даста Холмурод Назаров ба кумаки ҳамлагарон омада, дар дақиқаи 73-юм голи ғолибиятро ба дарвоза зад.
Баъди ҷамъбасти бозии ниҳоӣ роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ФФТ медалҳо ва Ҷомро ба соҳибонашон тақдим карданд. Бозингари беҳтарини бозии ниҳоӣ Ромиш Ҷалилов эълон шуд ва бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида шуда, бозиҳои ниҳоӣ бо чунин натиҷа анҷом ёфтаанд:
2012 — “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) — “Хайр” (Ваҳдат) — 1:0
2013 — “Хайр” (Ваҳдат) — КМВА “Помир” (Душанбе) — 1:1. Аз пеналти — 6:5
2014 — “Истиқлол” (Душанбе) — “Хайр” (Ваҳдат) — 2:0
2015 — “Истиқлол” (Душанбе) — “Хайр” (Ваҳдат) — 5:1
2016 — “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) — “Хуҷанд” (Хуҷанд) — 1:0

Март 12, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд