С. Қурбонзода: Бе ширкати фаъолонаи зан наметавон ба дастовардҳои иқтисодию сиёсӣ ва маънавӣ ноил гашт

Март 2, 2016 16:27

Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ба саволҳои мо роҳбари шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тавилдара Сабоҳат Қурбонзода чунин посух дод:

Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Ҷавоб: Зан-модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Бузургон зан-модарро олиҳаи зебоӣ, офаранда ва тарбиятгари насли инсонӣ унвон кардаанд. Рисолате, ки ӯ бар дӯш дорад, басо муҳиму тақозои замон аст. Зани тоҷикро дар замони муосир мақому рисолате мебояд дод, ки созгори замони нав бошад. Ӯ метавонад фарзандонеро ба дунё орад, ки бо сиришти поки хеш номбардори миллату дунёи хеш бошанд. Бо кашфи падидаҳои неку нав олами наве бунёд созаду дунболи парвозҳои баланду кашфиёти беназир гардад. Ҳамрадифи хеш дунёи поку зебоеро метавонад ба мерос гузорад. Онҳо ба амалӣ сохтани рисолати аслию азалӣ ва муқаддаси хеш- таваллуд ва тарбияи инсони солиму меҳанпараст ва ояндасоз, ба илму тиҷорату сиёсат шуғл хоҳанд варзид. Рӯзгори ободу пурсаодат бештар ба саъю кӯшиши худи бонувон марбут аст.

Савол: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва  нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Ҷавоб: Бале,  имрӯз зани тоҷик дар баробари модар, тарбиятгар ва ҳамсар буданаш боз омӯзгори хуб ҳам шудааст, яъне шумораи занони соҳибмаълумот дар деҳоти дурдаст хеле зиёд шудааст. Қисми зиёди занҳо маърифати оиладориро хуб дарк мекунанд ва талош мекунанд, ки оилаи солим бунёд намоянд. Бо ҳузур надоштани қисми мардони мо, ки дар мардикорӣ берун аз кишвар қарор доранд, масъулияти занҳо бештар шудааст. Бори гарони зиндагӣ бар дӯши зан аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, зан-модар фарзандонро ҳидоят мекунад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободкорию инсондӯстӣ ба воя расанд. Боиси хушнудист, ки занони деҳотӣ ҳам барои омӯхтани илми замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ ба фарзандон шароит муҳайё мекунанд, то онҳо дар оянда барои ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)

Ҷавоб: Дар замони соҳибистиқлолӣ зан-модари тоҷик мақому мартабаи болотар касб кард. Имрӯз зани тоҷик аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор ва баробари мардон ҳамқадами ҷомеа аст.

Барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, парвариш ва интихоб намудани кадрҳои варзида ба вазифаҳои масъулиятнок аз ҷумлаи бонувон шаҳодатгари ин гуфтаҳост. Вале вақти он расида, то баъзе андешаҳои қолабию шахшуда ва хурофотие, ки дар ҷомеа ҳамоно пойбарҷоянд, чун «Зан бояд таваллуд кунаду дар хона нишинад»,  «Духтарро чию хонданаш чӣ?»,  «Аз зан роҳбари хуб намебарояд» ва «Сиёсат кори зан нест»  бояд решакан шаванд. Ҷомеа бояд дарк кунад, ки бидуни ширкати фаъолонаи зан наметавонем ба дастовардҳои иқтисодию сиёсӣ ва маънавӣ ноил гардем.

Файласуфи арабтабори асри XII Абуаҳл Валида ибни Рушд дар мавриди мавқеи зан дар олами Шарқ иброз дошта буд, ки бонувон қодиранд бузургтарин корҳои зеҳнию ақлиро ба анҷом расонанд.

Савол: Дар кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

Ҷавоб: Ҳар рўз, ҳар вақте ки маро «Модар» садо мекунанд.

Савол: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Ҷавоб: Он зане, ки соҳиби маълумот, дониш ва кори доимӣ аст, мунтазам пайи омӯзиш қарор дорад. Ман фикр мекунам, ин гуна занон  барои  корҳои беҳуда  ва муҳокимаи гапҳои кӯчагӣ вақт намеёбанд. Ман ҳамеша ба занҳои бемаълумот ва хонашин муроҷиат карда, мегӯям, ки ба тамошои филмҳои бегона, ки саҳнаҳои зиёди  таблиғкунандаи зӯроварӣ, терроризм ва ифротгароӣ доранд ва метавонанд насли ҷавонро гумроҳ кунанд, вақти худро сарф нанамоянд. Ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, ки аз гузаштагони мо мерос мондаанд, шуғл варзанд. Духтарҳои худро ҳам барои аз худ кардани ин ҳунарҳо ҷалб намоянд. Агар каме вақт ёбанд, китоб мутолиа намоянд.

Савол: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Ҷавоб: Ман ифтихор дорам, ки дар оилаи мо якдигарфаҳмии тарафайн, ҳалимӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббат мавҷуд аст. Шукрона мекунам, ки соҳиби се писари дӯструяк ва шавҳари меҳрубонам. Дар баробари коргар будан, вазифаи модариамро низ фаромӯш накарда, ҳамарӯза барои аҳли оилаам хӯрокҳои  болаззатро омода менамоям.

Савол: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик

Ҷавоб: Ба занон-модарон фазои солими оиларо таманно карда, муроҷиат мекунам, ки муҳаббату дӯстӣ ва якдигарфаҳмиро дар оила ҳамеша таъмин намоед ва барои тарбияи фарзандони солиму солеҳ талош варзед.

 

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Март 2, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин