Саҳнаи хотирмон бо номи “Илҳом ва Ғулом”
Душанбе, 03.03.2016, (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ саҳнаи хотирмон бо номи “Илҳом ва Ғулом” (илҳом аз асари Г. Фигейредо “Эзоп”), ки “Шоми орзуҳои ба амаломада” ном гирифтааст, аз тарафи басаҳнагузорандагон: Нурулло Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ш.Шобутолибов, Рассоми халқии Тоҷикистон, М. Муҳаммадиев, ороишгари мусиқӣ ва Ромиш, ёвари режиссёр, дар нақшҳо Майрам Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Бобоҷон Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Дар тамошои намоиш аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ба монанди омӯзгорон, донишҷӯён ва бонувон иштирок намуда, барои худ ғизои маънавӣ бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур пагоҳ такроран манзури дӯстдорони театри тоҷик мегардад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






