Сабоҳат Тоҳирова: Модар вуҷуди муқаддасест, ки ҳама забардастону абармардони олам зодаи ӯянд
Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Бахшида ба Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Ба саволҳои мо мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара Сабоҳат Тоҳирова чунин посух дод:
Ховар: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Сабоҳат Тоҳирова: Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Модар вуҷуди муқаддасест, ки ҳама забардастону абармардони олам зодаи ӯянд. Мо дар канори модар ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ меомӯзем.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз канори модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори биҳиштосои модар канори дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолатҳо пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушбахтии фарзандашро дида меболад.
Зиҳӣ модар бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.
Ховар: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Сабоҳат Тоҳирова: Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърих-арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модар будаанд. Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошад, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати зан-модар аз ҳама волотар аст. Зани тоҷик, ки ҳамеша мазҳари покӣ, рамзи пойдорӣ ва истеҳкомбахши бунёди хонавода буд, имрӯз ҳам саъй мекунад ин рисолати таърихии худро бар дӯш кашад.
Ховар: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан, мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)
Сабоҳат Тоҳирова: Албатта, ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад. Мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем, зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад. Дар раванди сифатан нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро ҳусни хоса мебахшанд. Зан-модар, ки офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он—озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр мекунад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар занону духтарони шуҷоъ, хирадманд, соҳибзавқу комилистеъдод, ки паси парда монда буданд, ба майдон омада, занони оқилаву фарзона дар ин раванд гаҳвораи миллатро соҳибӣ карда истодаанд.
Ховар: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардаед?
Сабоҳат Тоҳирова: Ҳамеша аз зан буданам меболам.
Ховар: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Сабоҳат Тоҳирова: Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як оила чӣ қадар солим ва мустаҳкам бошад, ҷомеа низ ба ҳамон андоза солим ва мустаҳкам мегардад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки вақте мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад. Ба ин хотир дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рӯҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ба вуҷуд оварда шавад, мақоми ӯ ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд. Хулоса зан-модаре, ки бомаърифат аст, миллат ва ҷомеа ҳам бомаърифат ба камол мерасад.
Ховар: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Сабоҳат Тоҳирова: Зан-модар вазифаи басо муқаддасу пурмасъулият—тавлиду тарбияи фарзанд ва дар ниҳоди ӯ парваридани арзишҳои наҷиби инсонӣ-амсоли меҳанпарастӣ, адолатҷӯӣ, башардӯстӣ, дифоъ аз оинҳои миллӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкориро бар дӯш дорад. Модари тоҷик имрӯз бонуест ҳамидаву меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модариву қарзи шаҳрвандиашро бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидааст. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки вазифаи модариамро сарбаландона ба ҷо биёрам.
-Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик.
Сабоҳат Тоҳирова: Таманнои онро дорам, ки чашмони модарон ҳеҷ гоҳ ашкро набинанд.
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ