Сафеддара — беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона

Март 31, 2016 09:01

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Чанде пеш (19-22 март) дар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет- 2016» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ташаббуси ширкати «Экспотур» ҶДММ Сафеддара имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт. «Интурмаркет» ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва кишварҳои наздик ба он, аз қабили Испания, Миср, Марокаш, Булғористон, Чин ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб мешавад. Имсол бори аввал дар таърихи мавҷудияташ ва он ҳам баъди бозсозиву барқарор шудани минтақаи истироҳативу варзишӣ ва сайёҳӣ Сафеддара дар қатори дигар ширкатҳои сайёҳӣ ба ин намоишгоҳ даъват гардид.
Нисбат ба дигар ширкатҳои сайёҳӣ, ки хориҷиёнро ба сайёҳати доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон сафарбар мекунанд, ширкати Сафеддара аз он ҷиҳат дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифт, ки дар баробари дар баландии кӯҳҳо ҷойгир шуданаш шароити ҳамаҷиҳатаи зиндагонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, маркази шабонаи дилхушӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатро дорост.
Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. То охирҳои соли 2015 ин минтақа дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи он қадар хуб надошт. Барои ҳамин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол минтақаи Сафедоракро барои эҳё ва бозсозии дубора ба ихтиёри ширкати Сафеддара супорид.
Ин ширкат саъй дорад, ки дар давоми 5 соли оянда ба ин минтақа 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад ва онро ба беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона табдил диҳад.

 

Март 31, 2016 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд