Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Африқо ҳафтум шуд

Март 16, 2016 14:11

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Касабланкаи Марокаш мусобиқоти Ҷоми Африко оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар он паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 килограмм, ки ҳамагӣ 21 гӯштингир ширкат дошт, дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бар рақибаш Филипп Авитиалкараз (Бритониёи Кабир) пирӯз шуд. Вале баъдан Саидҷалол аз Доменико Ди Гуидаи итолиёвӣ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик қувваозмоиро ба Луис Боуякоуб (Алҷазоир) бохт ва дар натиҷа дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт. Дар ин чорабинии варзишӣ 251 гӯштингир аз 47 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро танҳо Саидҷалол Саидов намояндагӣ кард. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Фаронса бо касби 1 медали тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Испания (1-1-2) дуюм ва тими Алҷазоир (1-1-2) сеюм шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Саидҷалол Саидов моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи бози Ҷоми Африқо дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий барандаи медали биринҷӣ гардида буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Словения ва Сенегал ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Саидҷалол аз Патрик Мосери суисӣ шикаст хӯрд. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум Стефан Ҷурисичи сербиягиро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Саидҷалол Саидов барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебарад.

Март 16, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад