Семинари илмии «Наврӯз -иди байналмилалӣ» дар ДДМ
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни фархундаи Наврӯз семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Наврӯз -иди байналмилалӣ» баргузор гардид.
Дар семинар Рӯзӣ Аҳмадов, корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакӣ, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, Абдуфаттоҳ Аминов аз Академияи илмҳо ва омӯзгорон аз донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Рӯзӣ Аҳмадов, ки зиёда аз 40 сол боз доир ба иди Наврӯз таҳқиқот мебарад, зикр намуд, ки ҷашни фархундаи Наврӯз зиёда аз 6 ҳазор сол инҷониб дар байни мардумони ориёӣ таҷлил мешавад. Маънии Наврӯз, пеш аз ҳама, пирӯзии нур ба торикӣ, зебоӣ бар зиштӣ, адолат ба ҷаҳолат мебошад ва аз ин нигоҳ мардуми мо ин идро ҷашн мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






