Ш. Зуҳуров: Тоҷикистон ҷонибдори пешниҳоди Покистон аст

Март 16, 2016 10:16

Душанбе, 16.03.2016.(АМИТ Ховар).- Бо мақсади тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ мо пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамоем. Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Исломобод иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки ин иқдом ҷавобгӯи ниёзҳои кишварҳои мо дар самти тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва таъмини сулҳу субот ва амният мебошад.
Ш. Зуҳуров зикр кард, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Натиҷаҳои музокирот ва вохӯриҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар имкон доданд, ки муносиботи ду кишвар дар заминаҳои гуногун ба сатҳи шарикӣ бароварда шаванд. Ба имзо расидани беш аз 40 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар шаҳодати ин гуфтаҳост. Густариши муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, Покистон кишвари ба мо дӯст ва дорои муштаракоти фарҳангист, таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров.
Бо дахли масоили тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ Ш. Зуҳуров зикр намуд, ки: мо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон қаноатмандем. Сафарҳои ҳайати парлумонии Тоҷикистон ва Покистон ба кишварҳои ҳамдигар дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Хуб мешуд агар кормандони Парлумони Тоҷикистон дар институтҳои парлумонии Покистон такмили ихтисос мекарданд ва таҷрибаи Шуморо меомӯхтанд, иброз дошт Ш. Зуҳуров. Таъкид шуд, ки таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ба сатҳи нав ва баланд бардоштани ҳамкории байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон раисони парлумонҳои Тоҷикистону Покистон масоили гуногуни тавсеаи равобити ду кишварро дар бахшҳои саноат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди пӯст, маҳсулоти кишоварзӣ, туризм, энергетика, хусусан ҷалби сармояи Покистон ба лоиҳаҳои гидроэенергетикии Тоҷикистон, иштироки ширкатҳои покистонӣ дар лоиҳаи дуюми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон (аз тариқи долони Вахон ва минтақаи Читрали Покистон), лоиҳаи CASA-1000, фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Покистонро матраҳ намуда, дар оянда ифтитоҳи хатсайри мунтазами ҳавоӣ байни ду кишварро аз самтҳои афзалиятноки равобити иқтисодии ду кишвар арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки дар зарфи 10 соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон аз 100 ҳазор то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва бояд дар оянда барои афзоиши он аз имконоти мавҷуда самаранок истифода барем.
Дар мулоқот инчунин раисони парлумонҳои Тоҷикистону Покистон ба масъалаҳои байналмиллалӣ-авзои минтақа ва ҷаҳон, хусусан вазъияти сиёсии Афғонистон ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ба мисли терроризм ва ифротгароӣ ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки вазъияти Афғонистон кишварҳои моро водор месозад, бар зидди таҳдидҳои замони муосир дастаҷамъона мубориза барем. Таъкид гардид, ки мавҷудияти гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ дар Афғонистон ба амнияти миллии кишварҳои мо таҳдидҳоро эҷод месозад.
Сардор Аёз Содиқ -раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ташрифи ҳайати баландпояи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Покистон қадами муҳим дар рушди равобити байнипарлумонии ду кишвар арзёбӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати дурандешонаи Сарони ҳар ду кишвар ва мавҷуд будани як зумра умумияти муштарак байни мардуми тоҷику покистонӣ, ки аз умқи қарнҳо маншаъ мегиранд, барои тавсеаи дӯстиву бародарии ду кишвар омили муҳим маҳсуб мешавад.
Сардор Аёз Содиқ таъкид намуд, ки Тоҷикистон барои Покистон ниҳоят кишвари муҳим ба шумор рафта, онро яке аз сарчашмаҳои тамаддун, таърих, динию фарҳангӣ маҳсуб дониста, дарвозаи Осиёи Марказӣ меҳисобад. Тасдиқи ин гуфтаҳо забони урду аст, ки шаст фоизи онро калимаҳои форсӣ ташкил медиҳанд.
Сардор Аёз Содиқ таъкид кард, ки ҷониби Покистон омода аст, дар оянда барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намояд. Мавсуф аз сӯи Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидани пешниҳоди Покистон дар мавриди таъсиси Парлумони Осиё изҳори хушнудӣ намуда, ин иқдомро қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои қораи Осиё арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамтои покистониаш Сардор Аёз Содиқ даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намояд.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамзамон дар Исломобод аз неругоҳи барқии офтобии Ассамблеяи миллии Покистон дидан намуд.

Март 16, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид