Шоҳҷоиза пагоҳ ба соҳибаш мерасад
Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар») — Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, пагоҳ, 4-уми марти соли 2016, соати 19, дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои варзишии кушоди даставӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд оид ба гӯштини миллӣ, футболи хурд, шиноварӣ ва вазнбардорӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш — солимии ҷомеа» доир мегардад.
Дар маросими тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа Шоҳҷоиза — мошини сабукрав, Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.
Барои инъикоси чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 227-66-50, 223-23-31.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






