Шоми имрӯз муаллифи «Пайғоми ашк» маҳфили эҷодӣ дорад

Март 1, 2016 08:57

Душанбе, 01.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Шоми имрӯз ё дар нахустин шоми фасли зебои баҳор шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлат Сафар дӯстдорони шеъру сурудро ба маҳфили эҷодии худ, ки дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор мегардад, даъват менамояд. Маҳфили эҷодии шоири ширинкаломи тоҷик Давлат Сафар ба ҷашни фархундапайи Наврӯз ва ҳамоиши байналмилалии шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бахшида шудааст. Интизор меравад, ки маҳфили эҷодии Давлат Сафарро ҳунармандони шинохтаи кишвар, устодони санъати Тоҷикистон, назири Файзалӣ Ҳасан, Ҷамшед Исмоил, Лутфулло Давлат, Исроил Файзиддин, Сафар Раҳмон ва Ҳақназари Ҳукумзод бо созу сурудҳои дилнишин пуршукӯҳтар намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Давлат Сафар муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Пайғоми ашк», «Шеъри гаҳвора», «Шаҳбол», «Дурахши Истиқлол», «Авҷи парвоз», «Исёни ғурур» ва «Девони ашъор» мебошад.

Март 1, 2016 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст