Шуғнон: Бунёди мактаби нав барои 500 хонанда
Шуғнон, 14.03.2015. (АМИТ»Ховар»).-Бинои мактаби миёнаи ба номи генерал Мастибек Тошмуҳаммадов, воқеъ дар ҷамоати Поршинев дар аввали солҳои шастум бунёд шудааст ва бо мурури замон бар асари барфу борон ва зилзила деворҳояш кафида, ба ҳолати садамавӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ба иллати нарасидани синфхонҳои таълимӣ ва ба шароити муосир ҷавобгӯ набудани шароити таҳсил Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасмим гирифт барои хонандагони ин деҳа бинои дутабақаи замонавӣ бунёд кунад. Тирамоҳи соли гузашта сохтмони таълимгоҳ бо маблағгузории Бонки рушди исломӣ оғоз шуд ва қарор аст, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Сардори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муродалӣ» Раҷаб Насриддинов баён дошт, ки ин бино аз 19 синфхона, 11 утоқи фаннӣ, толори варзиш, устохона, утоқи дӯзандагӣ ва китобхона иборат буда, дар он наздики 500 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Алъон дар ин сохтмон 74 бинокор аз шаҳру навоҳии кишвар кор мекунанд ва масъулин ният доранд дар арафаи рӯзи истилолият онро ба истифода диҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






