“Суғдиён Помир тур” муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Новосибирск сафарбар намуд

Март 17, 2016 11:10

Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯз ба рӯз меафзояд.
Аз ҷумла, 14 марти соли равон ҶДММ “Суғдиён Помир тур” 20 муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия сафарбар намуд, ки онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, барои 1 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шуданд.
Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони раёсат бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин гардида, бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шуданд.

Март 17, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад